Таъкиди Белгия барои густариши равобит бо Эрон
(last modified Thu, 27 Jun 2019 14:14:35 GMT )
Июн 27, 2019 19:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Белгия барои густариши равобит бо Эрон

Сафири Белгия дар Эрон дар дидор бо устондори Қазвин дар шимолу ғарби Эрон гуфт, кишварҳои аврупоӣ, ба густариши равобити илмӣ ва иқтисодии худ бо Эрон алоқаи ҷиддӣ доранд.

Хонум Вероника Петти, сафири Белгия дар Эрон дар дидор бо Абдулмуҳаммад Зоҳидӣ, устондори Қазвин гуфт, Белгия ба тавсеаи равобит бо Эрон ва аз ҷумла Қазвин ба унвони яке аз марокизи илмӣ ва санъатии ин кишвар, алоқаманд аст.

Устондори Қазвин ҳам дар ин дидор гуфт, барои густариши равобит бо кишварҳои аврупоӣ, омодагӣ дорем ва Қазвин бо доштани саноати мутанаввеъ ва мутааддид, дашти кишоварзӣ ва манотиқи зебои гардишгарӣ ва таърихӣ, зарфияти бисёр хубе барои тавсеаи равобит бо Белгия дорад.

Зоҳидӣ баён кард, Қазвин ҳамчунин бо доштани зерсохтҳои муносиб, нерӯи инсонии кофӣ ва фаннӣ ва энержиҳои хуб беҳтарин устон барои мубодилоти тиҷорӣ аст.

Вай гуфт, танаввӯи тавлидоти санъатӣ ва кишоварзӣ ва нуқоти гардишгарии ҷаззоб метавонад барои ҳамкории иқтисодии тиҷорӣ ва гардишгарӣ барои белгияиҳо ҷаззобияти лозимро дошта бошад.

Хонум Вероника Петти, сафири Белгия дар Эрон ба манзури ошноӣ бо тавонмандиҳои иқтисодӣ, гардишгарии Қазвин ва ширкат дар нишасти бонувони бозаргон ва корофарин ба Қазвин сафар кардааст.