Ароқчӣ; сабри Эрон ба поён расидааст
Муовини сиёсии Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон асри панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Вена бо ишора ба бадаҳдии аврупоиҳо дар баробари Барҷом таъкид кард, сабри роҳбурдии ҷумҳурии исломии Эрон ба поён расидааст.
Ба гузориши ИРНА, Саидаббоси Ароқчӣ бо баёни ин,ки авруаоиҳо то кунун ба таъаҳудоти Барҷомиашон амал накардаанд изҳор дошт, Ҷумҳурии исломии Эрон бештар аз ин наметавонад як сӯя ва якҷониба ба тавофуқи Барҷом амал ва онро иҷро кунад.
Ароқчӣ хотирнишон кард, Эрон аз мавозеъи сиёсии кишварҳои аврупоӣ ва дигар кишварҳои боқимонда дар Барҷом алайҳи хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз ин тавофуқи байналмиллалӣ истиқбол мекунад аммо ин мавозеъи сиёсӣ бояд ба гомҳои амалиётӣ табдил шавад.
Муовини сиёсии Вазири хориҷаи Эрон дар нишасти рӯзи ҷумъаи Камисиюни муштараки Барҷом дар Вена ишора кард ва гуфт; Теҳрон умедвор аст дар камисиюни муштарак шоҳиди иқдомҳои амалӣ ва малмус аз сӯи кишварҳои узви Барҷом ба хусус кишварҳои аврупӣ бошад дар ғайри ин сурат ба тасмими худ дар иртибот бо коҳиши таъаҳудоти Барҷомиаш,ки комилан тасмими қонунӣ ва бар асоси ҳуқуқаш дар Барҷом аст, идома хоҳад дод.
Тозатарин нишасти Камисиюни муштараки Барҷом рӯзи ҷумъа дар сатҳи муовини вазир ва мудирони сиёсии кишварҳои чори ба иловаи як дар Вена баргузор хоҳад шуд.
Баргузории ин давр аз Камисиюни муштараки Барҷом дар ҳоле сурат мегирад,ки Ҷумҳурии исломии Эрон дар аввалин солгарди хуруҷи Амрико аз Барҷом (8 маи 2019 ) дар баёнияе,ки аз сӯи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон содир шуд, тавақуфи бархе таъаҳудоти Барҷомии худ ро эълом ва ба тарафҳои боқимонда дар ин тавофуқ 60 рӯз фурсат дод,ки таъаҳудоти Бонкӣ ва молии худ дар баробари Теҳрон ро амалиётӣ кунанд.
Олмон, Британия ва Франсия баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз Барҷом ( 8 майи 2018 ) ваъда доданд бо тазмини манфиатҳои иқтисодии Эрон ,ин тавофуқ ро ҳифз кунанд. Ин кишварҳо, алорағми истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун мувафақияте дар иқдомҳои амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.