Лориҷонӣ: Эрон дар баробари иқдомоти Амрико дастбаста нест
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо ишора ба иқдомоти Амрико алайҳи Теҳрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари иқдомоти Амрико дастбаста нест.
Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон имрӯз (душанбе) бо ишора ба рафтори ғайримаъмули Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо аврупоиҳо ва чиниҳо афзуд: “Мавҷуде бадхими ҳоким дар Амрико ҳар рӯз ба як сурат ҷаҳонро барҳам мерезад”.
Лориҷонӣ бо баёни ин ки Трамп рафторҳои разилонаеро аз худ нишон медиҳад ва дар саҳнаи байналмилалӣ як фарди беобрӯст, изҳор дошт, терроризми иқтисодии Трамп алайҳи Эрон ба натиҷае нахоҳад расид.
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо баёни ин ки муқовимат танҳо роҳи муқобила бо фишорҳои Амрикост, изҳор дошт, таъбири муқовимат дар шароити кунунии Эрон, равнақи тавлид аст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 –уми майи соли 2018 ба таври якҷониба, бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар нисбати БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.
Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.