Кашфи шабакаи ҷосусӣ дар таъсисоти ҳастаӣ ва дифоии Эрон
Ғуломҳусейн Исмоилӣ сухангӯи қувваи қазоияи Эрон эълом кард, Эрон як шабакаи ҷосусиро, ки бар руи таъсисоти ҳастаӣ ва дифоии ин кишвар фаолият мекард шиносоӣ кардааст.
Ба нақл аз Садо ва симо, Ғуломҳусейн Исмоилӣ афзуд, ин гуруҳи ҷосусӣ бо талоши сервисҳои амниятии Эрон кашф шуд ва авомили он дар марказҳои ҳассоси Эрон аз ҷумла марокизи ҳастаӣ ва дифоӣ ва зерсохтҳои давлатӣ шиносоӣ ва бештари онҳо дастгир шуданд.
Вай аз зиндони тулонимуддат барои ду нафар аз ин ҷосусон хабар дод ва ёдовар шуд, ки додгоҳҳои низомии Эрон таҳқиқоти марбут ба дигар аъзои ин гуруҳи ҷосусиро такмил кардаанд ва додситон муҷозоти эъдом барои онҳо дархост кардааст.
Ба гуфтаи сухангӯи қувваи қазоияи Эрон баъзе аз аъзои ин шабака, ки дар марокизи низомӣ шоғил буданд ба эъдом маҳкум шудаанд.