Июл 03, 2019 17:01 Asia/Dushanbe
  • Дастёбии Эрон ба чархаи комили фанноварии фазоӣ

Раиси Созмони фазоии Эрон аз дастёбии ҷумҳурии исломӣ ба чархаи комили фанноварии фазоӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Муртазо Барорӣ, раиси Созмони фазоии Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба ин ки Эрон бо вуҷуди таҳрим, бо ҳиммати ҷавонони худ ба чархаи комили фанноварии фазоӣ даст ёфтааст, гуфт, Эрон бо партоби моҳвораи “Умед” ба фазо, ба унвони нуҳумин кишвар, соҳиби чархаи комили фанноварии фазоӣ шуд.

Барорӣ бо баёни ин ки Эрон дар як даҳаи ахир дар санъати фазоӣ ба дастовардҳои муҳиме расидааст, афзуд, Эрон дар санъати фазоӣ дар байни кишварҳои минтақа рутбаи нахуст ва дар байни кишварҳои ҷаҳон рутбаи ёздаҳумро дорад.

Раиси Созмони фазоии Эрон изҳор дошт, акнун мутахассисони эронӣ ба дониши пойгоҳи партоб, партобгар, моҳвора, истгоҳи дарёфт ва контроли моҳвора ва истгоҳи додаҳои моҳвораӣ даст ёфтаанд.

Барорӣ бо баёни ин ки Эрон дар соли гузашта ду моҳвора ба фазо партоб кард, гуфт, Эрон акнун партоби моҳвораи санҷишӣ дар фосилаи 500 километр ва то мадори 36 ҳазор километриро дар дасти кор дорад.

 

Барчасп