Июл 03, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Иродаи ҷиддии Теҳрон - тавсеа ва таъмиқи равобит бо Ереван аст

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар зарурати густариши ҳамкории Эрон ва Арманистон дар арсаҳои мухталиф гуфт, иродаи ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвияти рӯзафзуни равобит бо Арманистон ба унвони як кишвари дӯст ва ҳамсоя аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Мҳер Григориан, муовини нахуствазири Арманистон, бо ишора ба аҳамияти мавзӯи транзит дар тавсеаи равобити Эрон ва Арманистон изҳор дошт, Эрон алоқаманд аст минтақаи халиҷи Форс ва дарёи Уммон ба дарёи Сиёҳ муттасил шавад ва яке аз роҳҳои таҳаққуқи он, масири Эрон, Арманистон ва Гурҷистон аст ва ин иттисол боиси тақвияти иртибот байни ду кишвар ва дигар кишварҳо хоҳад шуд.

Рӯҳонӣ аз рӯди марзии “Арас” ба унвони як рӯдхонаи ҳаётӣ барои ду кишвар ном бурд ва бар мавзӯи муҳити зист ба унвони авлавияти аввали Эрон дар ин замина таъкид кард.

Раисҷумҳури Эрон гуфт, тиҷорати Эрон бо кишварҳои минтақаи АвруОсиё  фурсати муносибе аст ва Арманистон ҳам метавонад нақши хубе дар ин замина ифо кунад.

Мҳер Григоран, муовини нахуствазири Арманистон низ дар ин дидор бо ишора ба раёсати феълии Арманистон бар минтақаи АвруОсиё гуфт, барои тавсеаи равобити Эрон ва АвруОсиё ҳамаи талоши худро ба кор хоҳем баст.

Раиси комиссияи муштараки иқтисодии Арманистон ва Эрон бо ишора ба заминаҳои мухталифи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл ва тиҷорат афзуд, ҳамаи барномаҳо ва сармоягузориҳои муштарак дар ростои тавсеа ва таъмиқи равобити ду кишвар амалӣ мешавад.

 

Барчасп