Амирабдуллоҳиён: Дипломатҳои эронӣ ҳамчунон дар банди режими саҳюнистӣ ҳастанд.
(last modified Fri, 05 Jul 2019 12:43:07 GMT )
Июл 05, 2019 17:43 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Дипломатҳои эронӣ ҳамчунон дар банди режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал ҳамзамон бо солгарди рабуда шудани чаҳор дипломати эронӣ дар Лубнон гуфт, дипломатҳои эронӣ ҳамчунон дар банди режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал рӯзи ҷумъа дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Режими ҷаълии Исроил, ки имрӯз ба хотири табъизи нажодии дохилӣ бо эътирозоти густурда мувоҷеҳ аст, чаҳор дипломати эрониро рабуда аст.

Чаҳордаҳуми тирмоҳи 1361 (5 июли 1982) муздурони режими саҳюнистӣ дар иқдоме террористӣ, чаҳор дипломати Эрон ба номҳои Сайид Муҳсини Мусавӣ, Аҳмади Мутавассилиён, Козими Ихвон ва Тақии Растгори Муқаддамро дар хоки Лубнон рабуданд.