Июл 06, 2019 09:15 Asia/Dushanbe
  • Сабти ҷангалҳои Ҳирконии Эрон дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО

Ҷангалҳои Ҳирконии ( Хазарӣ ) Эрон дар чилу севвумин иҷлоси Кумитаи мироси ҷаҳонии Созмони Омӯзишӣ илмӣ ва фарҳангии Милалли Муттаҳид ( ЮНЕСКО) ба унвони мероси ҷаҳонӣ ба сабт расид.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи Садо ва симо, дар панҷумин рӯз аз баргузории чилусеввумин иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, парвандаи сохти табии ҷангалҳои Ҳирконии Эрон бо ҳузури ҳайати иронӣ ва 2500 нафар аз намояндагони 180 кишвар ва чанд Созмони байналмиллалӣ пас аз баррасиҳои лозим барои сабт дар феҳристи осори ҷаҳонии ЮНЕСКО ба тасвиб расид.

Бо сабти ҷангалҳои Ҳирконии Эрон, ин ҷангалҳо пас аз  Кавири Лут  ба унвони дуввумин майдони табии Эрон дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ ба сабт расид ва маҷмуъи  майдонҳои табиӣ ва таърихии фарҳангии сабт шудаи ҷумҳурии исломии Эрон дар феҳристи осори ҷаҳонии ЮНЕСКО ба 24 майдон  расид.

Ҷангалҳои Ҳирконӣ бо ду миллион гектар масоҳат,фаровонтарин ноҳияи ҷангалҳои Эрон аст,ки дар устонҳои Гулистон, Гелон,Мозандарон,Симнон,ва Хуросони шимолӣ воқеъ шуда ва зисти бумии 296 гунаи паранда,98 гуна пистондор ва маҳали рӯиши 150 гиёҳи бумии дарахти ва пунаӣ аст.

Аҳмад Ҷалолӣ сафир ва намояндаи доимии Эрон дар Созмони ЮНЕСКО бо ишора ба аҳамияти сабти ҷаҳонии ҷангалҳои Ҳирконӣ гуфт; вақте асаре дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ ба сабт мерасад яъне арзиши фаротар аз марзҳои миллӣ дорад ва мутаалиқ ба ҳамаи башарият дорад.

Чилу севвумин иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз якуми июл бо ҳузури 2500 нафар аз намояндагони 180 кишвар ва чанд Созмон ва ниҳодҳои байналмиллалӣ дар Боку пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон оғоз шудааст.