Июл 07, 2019 17:49 Asia/Dushanbe
  • Содироти 11,5 миллиард доллари Эрон дар семоҳаи аввали соли ҷории шамсӣ

Сарпарасти Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт, дар се моҳи ибтидои имсол (1398 шамсӣ), Эрон ҳудуди 11,5 миллиард доллар коло содир карда, ки монанди муддати мушобеҳи соли гузашта аст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадризо Мавдудӣ, сарпарасти Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон рӯзи якшанбе дар ҳамоиши миллии содирот ба омори тиҷорати семоҳаи аввали имсол ишора кард ва афзуд, дар ин муддат беш аз 10 миллиард доллар ба Эрон коло ворид шудааст, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли 97 –ишамсӣ 8,7 дарсад коҳиш доштааст. Бинобарин тарози тиҷорӣ дар ин се моҳ мусбат мондааст.

Мавдудӣ таъкид кард, бо вуҷуди эъмоли таҳримҳо зидди Эрон, содироти ғайринафтӣ, ки ҳадафи аслии таҳримҳо будааст, осебе надида ва амалкарди содиркунандагон муносиб будааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳаштуми майи соли гузаштаи мелодӣ ба таври якҷониба аз БарҶом хориҷ шуд ва бахшҳое аз иқтисоди Эронро таҳрим кард. Бо ин ҳол, ироаи бархе роҳкорҳо дар Эрон муҷиб шудааст таҳримҳо дар ағлаби маворид беасар ва ҳатто содироти Эрон дар бархе маҳсулот бештар шавад.

 

Барчасп