Июл 11, 2019 10:07 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити Хуросони разавӣ ва Тоҷикистон меҳвари музокироти устондор бо сафир

Дар дидори рӯзи чаҳоршанбеи устондори Хуросони разавӣ бо сафири Эрон дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон густариши равобити ин вилоят бо кишвари Тоҷикистон пайгирӣ шуд.

Муовини иқтисодии вилятдори Хуросони разавӣ бо баёни ин матлаб ба хабарнигори ИРНО гуфт, дар ин дидор устондори Хуросони разавӣ бо ишора ба роҳандозии дубораи хатти парвозӣ байни Машҳад ва Душанбе гуфтааст пас аз ташкили утоқи муштараки бозаргонӣ байни ду кишвар тоҷирони хуросонӣ ба унвони меҳвари фаолиятҳои иқтисодӣ дар ин утоқ амал мекунанд.

Алии Расулиён гуфт, устондори Хуросони разавӣ ҳамчунин кумаки Эрон дар Тоҷикистон барои тавсеаи ин равобитро хостор шуд ва иброз дошт заминаи тавсеаи хутути парвозӣ байни ду шаҳри Машҳад ва Душанбе ҳамчунон вуҷуд дорад.

Соли гузашта мизони содироти вилояти Хуросони разавӣ ба Тоҷикистон 68 миллион доллар буд, ки бахши асосии содироти Эрон ба Тоҷикистонро шомил мешуд ва ин раванд имсол ба сурати афзоишӣ тадовум хоҳад ёфт.