Зариф: Амрикоиҳо дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон мунзавӣ шудаанд
(last modified Thu, 11 Jul 2019 12:09:53 GMT )
Июл 11, 2019 17:09 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрикоиҳо дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон мунзавӣ шудаанд

Вазири умури хориҷаи Эрон, сиёсатҳо ва интихобҳои ғалати Амрикоро аз авомили пирӯзии меҳвари муқовимат ва инзивои Вашингтон дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон донист.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯз панҷшанбе дар ҳамоиши фармондорони саросари Эрон дар Теҳрон бо баёни инки амрикоиҳо фикр мекарданд бо таҳрим метавонанд иқтисоди Эронро нобуд кунанд, афзуд, миллати Эрон бо такя бар тавони мардумӣ, ҳамаи муҳосиботи ғарбиҳо ва амрикоиҳо ва бадхоҳони Эронро ботил кард ва пешбинии амрикоиҳо муҳаққақ нашуд.

Зариф бо таъкид бар ин ки сиёсатҳои Амрико дар минтақа ва ҷаҳон шикаст хӯрдааст, гуфт, Амрико ба далели нотавонӣ дар ҳавзаи минтақаӣ ва байналмилалӣ ба терроризми иқтисодӣ рӯй овардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, Амрико шаби гузашта (чаҳоршанбе) нишасти вижаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии Энержии Атомиро ташкил дод, аммо ҳатто як баёнияи кӯтоҳ зидди Эрон ҳам натавонист аз раиси Шӯрои ҳукком бигиранд.

Зариф афзуд, Амрико 4 навбат аз соли гузашта ҷаласаи Шӯрои амниятро ташкил дода, ки як бор раисиҷумҳури Амрико дар он ширкат кард ва як бор коршиносони бархе кишварҳо суханронӣ карданд, аммо натавонистанд як калима зидди Эрон дарёфт кунанд.

Ба думболи дархости Амрико барои баргузории нишасти фавқулъодаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои баррасии иқдомоти ахири Эрон дар коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ии худ, ин нишаст асри чаҳоршанбе, дар мақар ин созмон дар Вена, пойтахти Утриш, баргузор шуд.

Ба гуфтаи Козими Ғарибободӣ, намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, нишасти вижаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бидуни ҳеҷ натиҷае барои Амрико, поён ёфт.