Июл 12, 2019 17:38 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон; Аврупо дар Барҷом тобеъи Амрикост

Имом ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт; кишварҳои аврупоии тарафи Барҷом бо гузашти як сол аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи байналмиллалии чандҷониба , на танҳо ба таъаҳудҳояшон амал накардаанд балки амалан тобеъи Амрико шудаанд.

Ҳуҷаталислом Козими Сидиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон,хуруҷи якҷонибаи Амрико аз Барҷом ва эъмоли таҳримҳо зидди Эрон ро расвоии башарӣ барои Амрико хонд ва афзуд; амрикоиҳо аз ибтидо Барҷом ро нақз карданд ва таҳримҳоро ташдид карданд.

Имом ҷумъаи муваққати Теҳрон,бо баёни ин,ки  фурсати думоҳа ба аврупоиҳо барои иҷроии таъаҳудоташон дар баробари Барҷом ба итмом расид ва фурсати дигаре вуҷуд надорад тасриҳ кард; бар асоси бандҳои 26 ва 36 Барҷом агар тарафе нақзи таъаҳуд кард тарафи муқобил низ метавонад таъаҳудоташро коҳиш диҳад,ки гоми аввал ва дуввуми Эрон дар афзоиши ғанисозӣ дар чорчуби коҳиши таъаҳудоти Барҷомии Эрон аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин,ки Эрон пас аз бадъаҳдии Амрико ва  аврупоиҳо сатҳи ғанисозии худро ба 20 дар сад ва болотар аз он хоҳад расонд тасриҳ кард; Эрон дар мавзуъи ғанисозӣ мулоҳизаи ҳеҷ касеро нахоҳад кард.

Ҳуҷаалислом Сидиқӣ дар поён ба иқтидори кунунии Ҷумҳурии исломии Эрон дар мубориза бо гурӯҳҳои терраристӣ дар минтақа ишора кард ва гуфт; ҷасорати Англия дар тавқифи киштии ҳомили нафти Эрон дар тангаи Ҷабал Алториқ бетаваҷуҳӣ ба иқтидори Эрон буд ва ба зуди бо  посухи муҳками Теҳрон, Англия пушаймон хоҳад шуд.