Июл 13, 2019 11:11 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз Лиги миллатҳои волибол ҳазф шуд

Тими миллии волиболи Эрон бо шикаст муқобили Бразилия, аз Лиги миллатҳо ҳазф шуд.

Тими миллии волиболи Эрон дар дуввумин мусобиқаи худ дар марҳалаи ниҳоии Лиги миллатҳои волибол аз соати 2;30 бомдоди шанбе ба масофи Бразиля рафт ва бо натиҷаи се бар ду шикаст хурд.

Сетҳои аввал ва дуввуми ин бозӣ бо натиҷаи 25 бар 20 ва 25 бар 23 ба суди Бразиля рақам хурд аммо Эрон дар 2 сети баъди бо имтиёзи 26 бар 24, 25 бар 20 пирӯз шуд то кор ба сети панҷум кашида шавад. Дар сети панҷум ҳам дар ҳоле,ки Эрон бо се имтиёз пеш афтода буд ва дар остонаи пирӯзӣ қарор дошт, ин Бразилия буд,ки дар ниҳоят 15 бар 10 баранда шуд то ба марҳалаи баъд суъуд кунад.

Бо ин натиҷа Эрон бо 2 шикаст дар марҳалаи гурӯҳӣ ҳазф шуд ва натавонист  ба ҷамъи чор тими бартари мусобиқот роҳ ёбад. Лаҳистон, ва Бразилия аввал ва дуввуми гурӯҳ шуданд ва дар марҳалаи ниманиҳоӣ бояд ба масофи Амрико ва Русия бираванд.

Барчасп