Июл 13, 2019 16:37 Asia/Dushanbe
  • Боздиди шаҳрдорони шаҳрҳои кишварҳои исломӣ аз оромгоҳи Фирдавсӣ

Гурӯҳе аз шаҳрдорони шаҳрҳои кишварҳои исломӣ, ки барои ширкат дар ҷашни мелоди набераи гиромии расули Худо (с) ва пешвои мусалмонони ҷаҳон - ҳазрати Ризо (а) ба шаҳри Машҳад сафар кардаанд, аз оромгоҳи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ боздид карданд.

Шаҳрдорони шаҳрҳои кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Ироқ, Афғонистон ва Лубнон бо гулборони оромгоҳи Фирдавсӣ, мақоми ин шоири порсизабони пуровозаро гиромӣ доштанд.

Шаҳрдоронт шаҳрҳои кишварҳои исломӣ пас аз ин боздид, ба тамошои мусобиқат куштии паҳлавонӣ низ нишастанд.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ - шоири бузурги Эрон дар солҳои 940-1020- мелодӣ дар шаҳри Тӯс (шимоли шарқи Эрон) зистааст.  

Ҳаким Фирдавсӣ дар умри 80 солаи худ завқи шоирӣ ва шӯру дилбастагии худ бар зинда кардани мафохири миллии Эронзаминро дар офариниши шоҳкори бузург ба номи “Шоҳнома” ба кор баст.

“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки наздик ба панҷоҳ ҳазор байт дорад, маҷмӯае аз достонҳои миллӣ ва таърихи бостонии подшоҳони қадим ва паҳлавонони бузурги Эрон аст, ки корҳои паҳлавонии онҳоро ҳамроҳ бо фатҳу мардонагӣ ва шуҷоату диндорӣ тавсиф мекунад.

 

Барчасп