Июл 14, 2019 12:57 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: талошҳои Амрико зидди миллати Эрон шикаст хурдааст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Амрико дар 14 моҳи гузашта сахттарин таҳримҳоро зидди миллати Эрон эъмол кардааст, аммо дар ҳар масире чи иҷтимоӣ, чи сиёсӣ ва чи ҳуқуқӣ пеш рафтанд, шикаст хурданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар иҷтимои пуршури мардуми Шервон дар вилояти Хуросони шимолӣ (шимоли шарқи Эрон) афзуд, Амрико 14 моҳ аст, ки сахттарин таҳримро зидди миллати Эрон таҳмил карда, аммо миллати қаҳрамони ҳушманд ва муқовими Эрони исломӣ дар ин муддат бо қудрат дар баробари онҳо истодагӣ кардааст.

Руҳонӣ гуфт, амрикоиҳо дар кишварҳои минтақа аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Яман шикаст хурданд ва агар касе идао кунад миллати Эрон дар сояи фишорҳои ворида дучори тазалзул шудааст ҳарфе нораво, носаҳиҳ ва дуруғ гуфтааст.

Раиси ҷумҳури Эрон тасриҳ кард, иқдомоти якҷонибаи Амрико зидди Эрон дар Созмони Миллал иҷтимооти гуногун ва Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бо шикаст ру ба ру шуд ва дар иҷлоси Шурои ҳуккоми Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ низ аксари кишварҳои ҷаҳон аз миллати Эрон ҳимоят карданд.

Руҳонӣ гуфт, Амрико дар додгоҳи байналмиллалӣ ва дар паи шикояти Эрон низ маҳкум шуд ва афкори умумии дунё иқдомоти ин кишварро маҳкум кард.

Раиси қувваи муҷрияи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ба рағми фишорҳои Амрико ба самти бегонагон ва сандуқҳои байналмиллалӣ дасти ниёз дароз накард ва руи пои худ истода ва тавонистааст бахше аз қарзҳои соли гузаштаро низ пардохт кунад.

Барчасп