Тавоноии Эрон барои муқобила бо таҳримҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45143-Тавоноии_Эрон_барои_муқобила_бо_таҳримҳои_Амрико
Нашрияи "Нэшнл Интресет" дар гузорише навишт, Эрон тавоноии муқобила бо таҳримҳои Амрико ва пайгирии муваффақи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии худро дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 14, 2019 16:17 Asia/Dushanbe
  • Тавоноии Эрон барои муқобила бо таҳримҳои Амрико

Нашрияи "Нэшнл Интресет" дар гузорише навишт, Эрон тавоноии муқобила бо таҳримҳои Амрико ва пайгирии муваффақи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии худро дорад.

Дар гузориши рӯзи якшанбеи нашрияи амрикоии "Нэшнл Интерсет" омадааст, бо вуҷуди  таҳримҳои якҷонибаи давлати Амрико Эрон ҳамчунон сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии худро дунбол мекунад ва метавонад бар пуштибонии қобили таваҷҷӯҳи дохилӣ муттакӣ бошад.

Ин нашрияи амрикоӣ дар гузориши худ афзуд: Эрон ҳамчунин тавоноии нерӯҳои артиш ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дорад.

Давлати Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 майи соли 2018 ба таври якҷониба Амрикоро аз БАРҶОМ хориҷ ва таҳримҳои муаллақшуда ба мӯҷиби ин тавофуқро алайҳи Эрон барқарор кард.