Моҳгирифтагӣ дар Эрон ва бисёре аз манотиқи ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45202-Моҳгирифтагӣ_дар_Эрон_ва_бисёре_аз_манотиқи_ҷаҳон
Моҳ бомдоди фардо дар саросари Эрон ва бештари манотиқи ҷаҳон гирифта мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 16, 2019 16:56 Asia/Dushanbe
  • Моҳгирифтагӣ дар Эрон ва бисёре аз манотиқи ҷаҳон

Моҳ бомдоди фардо дар саросари Эрон ва бештари манотиқи ҷаҳон гирифта мешавад.

Ба гузориши Муассисаи геофизикаи Донишгоҳи Теҳрон, ин моҳгирифатагӣ, ки соати 2:01 дақиқаи бомдоди чаҳоршанбе, ба вақти маҳаллӣ ба ҳадди аксари худ мерасад, дар соати 3:30 дақиқаи бомдод поён меёбад. Дар дақоиқи авҷи ин моҳгирифтагӣ сояи замин 67 дарсад аз сатҳи моҳро хоҳад пӯшонд.

Ин моҳгирифтагӣ илова бар Эрон дар Аврупо, Африқо, Австралия, бахшҳое аз Амрикои Ҷанубӣ ва Осиё ба ҷуз шимолу шарқи он қобил мушоҳида аст.