Июл 17, 2019 11:00 Asia/Dushanbe
  • Намояндагии Эрон дар Созмони Милал: Барномаи мушакии Эрон қобили музокира нест

Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар Вашингтон ба иддаои бархе хабаргузориҳо мабнӣ бар омодагии Эрон барои музокираи дубораи барномаи мушакии худ таъкид кард: Барномаи мушакӣ ва дифоии Эрон қобили музокира нест.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс дар як шайтанати ошкор бо таҳрифи мусоҳибаи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон бо шабакаи телевизионии NBC, аз оомдагии Эрон барои музокираи дубораи қудрати дифоии худ хабар дод.

Ин иддаои нодуруст дар бораи изҳороти вазири умури хориҷаи Эрон мӯҷиб шуд, то Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико бот завқзадагӣ ин мавзӯъро як дастовард барои худ қаламдод кунанд.

Намояндагии Эрон дар СММ шомгоҳи сешанбе бо радди иддаои Ассошиэйтед Пресс эълом кард: Вазири умури хориҷаи Эрон гуфта буд: "Агар Амрико мехоҳад дар бораи мушак сӯҳбат кунад, ибтидо бояд фурӯши силоҳ ба минтақаро мутаваққиф кунад". Аммо ин хабаргузорӣ ин ҷумалотро тамоюли Эрон барои музокира дар бораи барномаи мушаки дифоии худ маънидод кардааст.

Намояндагии Эрон дар СММ хитоб ба хабарнигорони Ассошиэйтед Пресс таъкид кард: Таҳрифи изҳороти вазири умури хориҷаи Эрон, эътиқоди умумиро ба расона коҳиш медиҳад.

 

Барчасп