Зариф: Эрон бо террористҳо музокира намекунад
(last modified Thu, 18 Jul 2019 04:16:34 GMT )
Июл 18, 2019 09:16 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон бо террористҳо музокира намекунад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо террористӣ хондани сиёсатҳои таҳримии Кохи Сафед зидди мардуми Эрон гуфт, Эрон бо террористҳо музокира намекунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Ню-Йорк хотирнишон кард, Амрико даргири ҷанги иқтисодӣ бо Эрон шудааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон изҳор кард, ҷанги иқтисодие, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико бо ифтихор аз он ёд мекунад шаҳрвандонро ҳадаф қарор додааст.

Зариф бо баёни ин ки ҷанги иқтисодии Амрико низомиён ё мақомоти Эронро ҳадаф қарор надода балки шаҳрвандони маъмулиро ҳадаф қарор додааст гуфт, ин иқдоме террористӣ аст, чаро ки терроризм мардумро ҳадаф қарор медиҳад то тарҳи сиёсии худро пеш бибарад.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, тарҷумаи терроризм аз назари ҳуқуқӣ ин аст, ки бо иқдомоти зӯргуёна талош кунед сиёсатҳои як кишварро иваз кунед ё мардумро водор кунед, ки сиёсатҳояшонро иваз кунанд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико бо фишори ҳаддиаксарӣ ва таҳдид талош дорад Эронро ба пои мизи музокира бикашонад, аммо Эрон бо муқовимати ҳаддиаксарӣ ин сиёсати Амрикоро бо шикаст ру ба ру кардааст.

 

Барчасп