Июл 18, 2019 11:30 Asia/Dushanbe
  • Вуруди беш аз 27 ҳазор зоири эронӣ ба Арабистон

Беш аз 27 ҳазор зоири эронӣ токунун барои анҷоми маносики Ҳаҷ вориди Арабистони саудӣ шудаанд.

Алиризо Рашидиён раиси Созмони ҳаҷҷу зиёрати Эрон гуфт, то рӯзи чаҳоршанбе 27 ҳазору 199 зоири эронӣ бо 110 парвози ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон (Ҳумо) вориди хоки Арабистони саудӣ шудаанд.

Рашидиён бо ишора ба инки ҳамакнун 58 ҳазору 379 виза барои зоирони эронӣ дарёфт шудааст, афзуд, интиқоли зоирони эронӣ бо 361 парвози рафт аз 19 истгоҳи парвозӣ дар Эрон ба фурудгоҳҳои Мадина ва Ҷадда дар ҳоли иҷрост.

Раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон гуфт, бар асоси тавофуқи Эрон ва Арабистон интиқоли ҳамаи зоирон ва авомили иҷроии Ҳаҷҷи имсол аз тариқи ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон (Ҳумо) иҷро мешавад.

Барчасп