Июл 18, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Узви аршади Ҳамос: Густохии Амрико дар қиболи Эрон пазируфтанӣ нест

Узви аршади ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" бо таъкид бар равобити хуб ва мустамари ин ҷунбиш бо Эрон, гуфт, “Ҳамос” густохии Амрикоро дар таомул бо Эрон намепазирад.

Ба гузориши Ал Араби Ал Ҷадид, Мӯсо Абумарзуқ, узви аршади “Ҳамос” бо баёни ин ки мавзӯи ҳимоят аз Эрон дар сафар ба Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, афзуд, бояд барои муқобила бо таҳримҳои золимонаи Амрико дар канори Эрон истод.

Абумрзуқ ҳафтаи ҷорӣ ба ҳамроҳи ҳайате ба Русия сафар ва бо бархе мақомоти ин кишвар монанди Михаил Богданов, муовини вазири хориҷаи Русия дидор ва гуфтугӯ кард.

Абумарзуқ ҳамчунин бо ишора ба нақши Русия барои расидан ба роҳи ҳалли сиёсӣ миёни Фаластин, Исроил ва поёни нақши Амрико дар ин замина гуфт, Ҳамос бо режими саҳюнистӣ, ки эҷоди давлати мустақили Фаластин ба марказияти Қудс ва бозгашти миллати он ба сарзамини худро ба расмият нашиносад, ҳамроҳ нахоҳад шуд.

Токунун чанд ҳайат аз Ҳамос дар моҳҳои гузашта ба Русия рафта ва бо мақомоти ин кишвар ройзанӣ кардаанд. Вазорати хориҷаи Русия пас аз интишори санади сиёсии Ҳамос аз ин санад ва низ интихоби Исмоил Ҳания ба унвони раиси дафтари сиёсии Ҳамос истиқбол кард.

 

Барчасп