Июл 18, 2019 18:35 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳии СЕНТКОМ-и Амрико: Ҷанг бо Эрон қобили иҷтиноб аст

Раиси ситоди террористии Фармондеҳии марказии Амрико мавсум ба СЕНТКОМ аз талоши Вашингтон барои эҷоди эътилофи низомӣ дар Халиҷи Форс хабар дод ва гуфт, ҷанг бо Эрон қобили иҷтиноб аст.

Ба гузориши Рейтерз, Кеннет Маккензи, раиси ситоди террористии Фармондеҳии марказии Амрико мавсум ба СЕНТКОМ муддаии талоши кишвараш барои эҷоди эътилофи низомӣ дар Халиҷи Форс шуд.

Дар ҳамин иртибот низ, раиси СЕНТКОМ эълом кард, ки мо ба шиддат ва бо мавзеъи таҳоҷумӣ, талош мекунем то роҳкоре барои таъмини итминон аз озодии убуру мурур дар Халиҷи Форс ба даст биоварем.

Макккензи, ки дар як нишасти хабарии муштарак бо генерал Фаҳд бин Турки, фармондеҳи эътилофи низомии Арабистон дар ҷанг алайҳи Яман сӯҳбат мекард, афзуд, бо ин изҳорот қасд надорад ҳеҷ кишвареро дар минтақа ҳадаф бигирад ва ҳадаф танҳо бар озодии киштиронӣ дар минтақа мутамаркиз аст.

Раиси ситоди террористии Фармондеҳии марказии Амрико ҳамчунин гуфт, ҷанг бо Эрон қобили иҷтиноб аст ва мо саъй мекунем, ки рафтори Эронро тағйир диҳем.

Маккензи, ки дар буҳбуҳаи танишҳои Халиҷи Форс рӯзи гузашта вориди яке аз кишварҳои минтақа шудааст, шаби гузашта низ иддао карда буд, ки Эрон дар ҳоли таҷдиди назар дар муҳосиботи худ ва арзёбиии ниёт мост.

 

Барчасп