Июл 20, 2019 21:32 Asia/Dushanbe
  •  Қаҳрамони тими миллии паравазнабардории Эрон дар ҷаҳон

Тими миллии Эрон бо касби 7 медали рангоранги рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳонии паравазнабардорӣ (вазнабардории маълулон) дар Қазоқистон, унвони қаҳрамонии ҷаҳонро аз они худ кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, тими миллии паравазнабардории Эрон бо касби 3 медали тило, 3 медали нуқра ва як бронз дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳонии паравазнабардории 2019 ба мизбонии Қазоқистон, қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Тимҳои Чин ва Миср ҳам ба тартиб дар радаҳои дувум ва севум қарор гирифтанд.

Рақобатҳои қаҳрамонии паравазнабардории ҷаҳон ҷумъаи 12 –уми июл бо ҳузури 441 варзишкор аз 78 кишвар, ба мизбонии шаҳри Нурсултони Қазоқистон оғоз шуд ва имрӯз (шанбе, 20 –уми июл) поён ёфт.

 

 

Барчасп