Каштии эронии тавқифшуда дар Арабистон озод шуд
(last modified Sun, 21 Jul 2019 04:41:11 GMT )
Июл 21, 2019 09:41 Asia/Dushanbe
  • Каштии эронии тавқифшуда дар Арабистон озод шуд

Арабистони саудӣ саранҷом нафткаши тавқифшудаи Эрон дар бандари Ҷаддаи ин кишварро озод кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, манобеи хабарӣ эълом карданд Арабистони саудӣ нафткаши ғулпайкари Ҳапинес1 Эронро, ки сешанбе 30 апрел дар таи масири худ дучори нақзи фаннӣ шуда ва ночор ба бандари Ҷаддаи Арабистон мунтақил шуда буд бо скорти ду ядаккаш равонаи Эрон кардааст.

Аарабистони саудӣ, ки дар чанд моҳи ахир бо вуҷуди рафъи нақзи ин нафткаш иҷозаи тархиси онро надода буд ба ҷои ин тавқифи иҷборӣ рақаме беш аз 10 миллион долларо ба баҳонаи ҳазинаҳои таъмир ва нигаҳдорӣ дарёфт кард.

Манобеъи хабарӣ эълом карданд ин нафткаш бо пайгириҳои ниҳодҳои масъул дар Эрон аз тавқиф раҳо шуда ва ҳамроҳ бо тамоми коркунон ва хадамаи худ дар ҳоли бозгашт ба Эрон аст.