ّАз байн бурдани шабаки ҷосусии CIA дар Эрон
Вазорати иттилооти Эрон аз шиносоӣ ва аз байн бурдани шабаки ҷосусии Созмони иттилооти маркази Амрико (CIA ) дар Эрон хабар дод.
Ба нақл аз Садо ва симо, Вазорати иттилооти Эрон 17 нафар аз ҷосусони ҳирфаии Созмони иттилооти маркази Амрикоро,ки ба сурати гурӯҳӣ ва инфиродӣ фаолият мекарданд дастгир кардааст.
Бар асоси эъломи равобити умумии Вазорати иттилооти Эрон, ҷосусони шиносоӣ шуда аз шоғилони марказҳои ҳасос ва ҳаётии Эрон ва бахши хусусӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, ҳастаӣ, зерсохтӣ,низомӣ ва сойбирӣ буданд,ки ба сурати паймонкор ё мушовир дар ин бахшҳо фаъолият мекарданд.
Ҷамоварии иттилооти табақабандишуда аз марказҳои муҳим ва анҷоми амалётҳои фаннӣ-иттилоотӣ аз маъмуриятҳои вогузоршуда ба ин шабакаи ҷосусӣ будааст.
Бар асоси ин гузориш, судур ё тамдиди визаи Амрико, истихдоми мутахасисони эронӣ, таъмини таҷҳизот, муроҷиаи мустақим ба туъмаҳо дар ҳошияи ҳамоишҳои илмӣ хориҷ аз кишвар ва ирсоли иймейл ва паём аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла равишҳои сервиси иттилоотии Амрико барои ҷазби ин ҷосусон будааст.
Вазорати иттилооти Эрон эълом кард; суистифодаи аносири CIA аз бархе кишварҳои Аврупоӣ ва Осиёӣ барои иртибот бо манобеъи ҷосусие,ки бо иттилои пешакии сервисҳои иттилоотии ин кишварҳо анҷом мешавад аз назари ِВазорати иттилооти ҷумҳурии исломии Эрон дур нахоҳад монд ва ба таври қатъ масулияти ин умур бар уҳдаи ин кишварҳо хоҳад буд.