Паёми катбии Рӯҳонӣ барои Макрон
(last modified 2019-07-24T05:25:10+00:00 )
Июл 24, 2019 10:25 Asia/Dushanbe
  • Паёми катбии Рӯҳонӣ барои Макрон

Сайид Аббоси Ароқчӣ, фиристодаи вижаи Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбешаб дар дидор бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар Порис паёми катбии Ҳасани Рӯҳониро таслим кард.

Ба нақл аз ИРНА, Ароқчӣ ва Макрон дар ин дидор дар бораи мавзӯъҳои мавриди алоқаи ду кишвар, аз ҷумла масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ ва чигунагии ёфтани роҳкорҳое ба манзури коҳиши танишҳо дар минтақа ва ҳамчунин истимрори ҳифозат аз БарҶом ба унвони як тафоҳуми байналмилалӣ ва чандҷониба баҳс ва табодули назар карданд.

Ду тараф ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба шароит ва вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа, бар истифода аз дипломатия барои истеҳкоми субот ва амният таъкид карданд.

Ароқчӣ пеш аз ин дидор дар гуфтугӯ бо Жан-Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса бо таъкид бар ин, ки Ҷумҳурии исломии Эрон иҷозаи ихлол дар раванди киштиронӣ дар Халиҷи Форсро нахоҳад дод таъкид кард: Эрон тамоми талоши худро барои амнияти минтақа, бавижа Тангаи Ҳурмуз ба кор бастааст.

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба ҷанги иқтисодии Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Амрико бо таҳримҳои ғайриқонунӣ ва ғайриодилонаи худ тамоми мардуми Эронро ҳадаф қарор додааст ва Теҳрон аз Аврупо интизор дорад мавзеи рӯшанеро дар мухолифат бо сиёсати Амрико дар заминаи ба сифр расондани фурӯши нафти Эрон дар пеш гирад.

Ароқчӣ дар ин дидор таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳар шароите ба судури нафти худ идома хоҳад дод.

Ле Дриан низ дар ин дидор бо ишора ба таҳаввулот ва таомулоти ахир ва тамосҳои дипломатии ду кишвар, сафари фиристодаи вижаи раисҷумҳури Фаронса ба Теҳрон ва музокироти анҷомшуда ва ҳузури фиристодаи раисҷумҳури Эрон дар Порисро боаҳаммият тавсиф кард.

 

Барчасп