Пешбинии Сандуқи Байналмилалии Пул аз рушди иқтисодии Эрон
(last modified Thu, 25 Jul 2019 11:23:59 GMT )
Июл 25, 2019 16:23 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии Сандуқи Байналмилалии Пул аз рушди иқтисодии Эрон

Сандуқи Байналмилалии Пул дар гузориши ҷадиди худ пешбинӣ карда, ки пас аз пушти сар гузоштани ду соли сахт, нархи рушди иқтисодии Эрон аз соли 2020 мусбат хоҳад шуд.

Сандуқи Байналмилалии Пул рӯз чаҳоршанбе дар ҷадидтарин гузориши «чашмандози иқтисодии ҷаҳон», нархи рушди тавлиди нохолиси дохилии Эрон дар соли 2019-ро бидуни тағйир нисбат ба гузориши қабл, эълом ва пешбинӣ кардааст, ки Эрон дар соли 2020 рушди иқтисодии 0.2 дарсадиро таҷриба кунад.

Бар асоси ин гузориш, нархи рушди иқтисодии Эрон дар соли гузаштаи милодӣ, манфӣ 3.9 дарсад будааст, ки бо таваҷҷуҳ ба шиддат гирифтани таҳримҳои якҷонибаи Амрико, дар соли ҷории милодӣ ба манфии 6 дарсад хоҳад расид.

Тахлия шудани асари таҳримҳо нақши муҳимме дар мусбат шудани нархи рушди иқтисодии Эрон дар соли ояндаи милодӣ, ифо хоҳад кард ва бар асоси пешбинии Сандуқи Байналмилалии Пул, ин раванди мусбат дастикам то соли 2024 идома хоҳад ёфт.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳам дар гузориши апрели 2019-и худ дар робита бо рушди иқтисодии Эрон арқоми нархҳои рушд барои чашмандози иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои 2020 ва 2021-ро ба тартиб баробар бо 0.9 як дарсад унвон кардааст.