Июл 27, 2019 13:32 Asia/Dushanbe
  • Густариши нуфузи минтақаии Эрон

Як Андешкадаи барҷастаи Амрико гузориш дод ; нуфузи минтақаии Эрон тағийре,ки накарда балки густариш ёфтааст.

Ба нақл аз ИРНА, торнамои Андешкадаи Шӯрои Атлантик дар ёдоште навишт ; нуфузи минтақаии Эрон ба рағми таҳримҳои Амрико густариш ёфтааст.

Дар ин ёддошт,ки ба қалами  Кинит Катсман коршиноси умури Эрон дар Сервиси хадамоти конграи Амрико нигошта шуда,омадааст; давлати Амрико хуруҷи худ аз тавофуқи ҳастаиро бо ин баҳона тавҷия кард,ки бардошта шудани таҳримҳо бар асоси ин тавофуқ, боиси тақвияти тавони Эрон барои эъмоли нуфуз дар минтақа шудааст.

 Катсман афзуд; ба гуфтаи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ва дигар мақомҳои ин кишвар хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ ва бозгардондани таҳримҳо муҷиби эъмоли сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон шуда ва монеъ аз дастёбии ин кишвар ба манобеъи молӣ,силоҳ ва омӯзиши шабакаи густурдае аз  муттаҳидон ва гурӯҳҳои ниёбатиаш мешавад.

Трамп иддаъо карда,ки бозгардондан Эронро табдил ба кишваре бисёр мутафовит кардааст. Ӯ ва дигар мақомҳои Амрикоӣ муддаъӣ ҳастанд таҳримҳо аз ҷумла лағви маъофиятҳои хариди нафт иқтисоди Эронро нобуд карда ва сабаби коҳиши ҳузури минтақаии Эрон шудааст.

Шӯрои Атлантик дар идомаи ёдошти худ таъйид кард,ки омор ва додаҳо нишон медиҳад,ки таъсироти иқтисодии таҳримҳо лузуман ба маънои касби дастовардҳои иқтисодӣ барои сиёсати Амрико нест. Катсман ба раванди суудии нуфузи минтақаии Эрон дар солҳое ва татбиқи он бо изҳороти масулон пардохт ва афзуд; агар таҳрим ба маънои тағийри минтақии Эрон буд нуфузи ин кишвар дар Ховари Миёна бояд дар фосилаи солҳои 2011 то 2016 коҳиш меёфт.

Ин дар ҳоле аст,ки  рухдодҳо ва равандҳо акси ин қазияро нишон медиҳад. Вай ибтидо ба парвандаи Сурия ишора кард ва идома дод; Эрон дар соли 2013 ва дар давраи таҳримҳои шадиди иқтисодӣ тавонист дар ҷанги Сурия нақш ийфо карда ва иқдоми қотеъе анҷом диҳад то низоми Башор Асад қудратро ҳифз кунад.

Ба навиштаи Шӯрои Атлантик, Эрон дар соли 2014 низ бо вуҷуди таҳримҳои байналмиллалӣ тавонист дар Ироқ нақш дошта ва ба пешгирӣ аз пешравии ДИИШ кумак кунад. Ин Андешкадаи амрикоӣ дар поён натиҷагирӣ кард; мақомҳои давлати Трамп дар соли 2019 муддаъӣ шуданд,ки фишори ҳаддиаксарӣ боиси коҳиши нуфузи минтақаии Эрон шудааст.

Барчасп