Сентябр 21, 2016 17:46 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар робита ба воқеаи Ғадир

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи сешанбе дар дидор бо ҳазорон нафар аз ақшори мухталифи мардум ба муносибати Иди саиди Ғадири Хум бо табрики ин иди бузург ба мусалмонон ба баёни аҳамияти воқеаи таърихии Ғадир аз абъоди мухталиф пардохтанд.

Эшон бо ишора ба бархе таъбирҳо, ки аз Иди Ғадир ба унвони иди бузурги илоҳӣ ёд кардаанд, гуфтанд: "Иллати ин таъбирҳо рӯйдоди бисёр муҳиме аст, ки дар моҷарои Ғадир муҳаққақ шуд ва он таъйини чорчӯбу қоидаи ҳукумат дар Ислом аст. Ин чорчӯб ҳамон имомату вилоят дар ҷомеаи исломӣ аст, ки ба дастури Худованд ва ба василаи Паёмбари Ислом (с) эълом шуд".

Эшон ҳифзи ваҳдат дар дунёи Исломро низ як омили муҳим дар ҷаҳони Ислом хонданд ва таъкид карданд, таҳрики эҳсосоти дигаргунаи Ислом ба исми шиа, дар воқеъ, «шиаи англисӣ» буда ва натиҷаи он зуҳури гурӯҳҳои хабису муздури вобаста ба Амрико ва хадамоти ҷосусии Англия ҳамчун ДИИШ ва "Ан-нусра" аст, ки ҷиноёту вайрониҳои зиёдеро дар минтақа ба роҳ андохтаанд. Нигоҳе ба гузашта нишон медиҳад, қудратҳои истисморгар дар тӯли таърих зарбаҳои сахте ба Ислом ворид кардаанд. Таърих дар ин замина санади гӯёст. Дар баробари Ислом қарор гирифтан ба шеваҳои мухталиф дунбол шуда ва яке аз ин шеваҳо нуфуз дар андешаҳои мазҳабии мусалмонон ва эҷоди тафриқа миёни онҳост.

Ин мушкилот аз дер боз бистаре барои нуфузи бегонагон фароҳам карда, заминаҳои ҳамгароии кишварҳои исломиро аз миён бурдааст. Имрӯз низ таърих дар ҳоли такрор аст. Қудратҳои султаҷӯ, дар раъси онҳо Амрико бо ҳамон ангезаҳои истеъморӣ дар садади заиф кардани кишварҳои исломӣ ҳастанд ва аз терроризму ифротгароӣ аз навъи ДИИШ ба унвони василае барои эҷоди ихтилоф ва нобуд кардани мусалмонон истифода мекунанд. Эрони исломӣ имрӯз ҳадафи шумораи яки душманон дар ҳама арсаҳо аз ҷанги нарм то фишори иқтисодӣ ва таҳриму таҳдидҳои низомӣ қарор гирифтааст. Ҳадафи ин хусуматҳо ин аст, ки низоми ҷумҳурии исломиро аз мадори истодагӣ дар муқобили низоми султа ва ҳаракат дар масири ҳокимияти илоҳӣ хориҷ созад; ҳадафе, ки душманони Эрон ва умуман, душманони Ислом дунбол мекунанд, зарба задан ба аркони низоми мубтанӣ ба адолату вилоят аст. Ин тавтеа ба далели ин ки Эрони исломӣ такя ба арзишҳои илоҳӣ, иродаи қавӣ ва ҷавонон ба унвони сармояи аслии низоми ҷумҳурии исломӣ дорад, роҳ ба ҷое набурдааст. Раҳбари муаззами инқилоб дар ин ҳол хотирнишон сохтанд, яке аз аҳдофи душман, ки дар шароити кунунӣ бисёр муҳим аст, ворид кардани халал ба иқтисоди Эрон бо ҳадафи эҷоди норизоиятии мардум аз низоми исломӣ аст.

Таваҷҷуҳ ба ин нукоти калидӣ дар канори зарфиятҳои азими дини Ислом баёнгари он аст, ки гарчи душман дар бисёре аз тавтеаҳояш шикаст хӯрдааст, аммо набояд аз доштани омодагиҳои лозим барои посдорӣ аз низому арзишҳои улгӯгирифта аз вилоят бар ҳаққи амир-ул-муъмнин ғафлат кард. Таваҷҷуҳ ба аҳдофе чун таҳаққуқи иқтисоди муқоваматӣ акнун ҳамон андоза аҳамият дорад, ки омодагии низомӣ дар дафъи таҳдидҳо ва посух ба мутаҷовизон боаҳамият аст. Аз ин рӯ, Раҳбари муаззами инқилоб дар бахши дигаре аз баёнотшон ба таъкидҳои мукаррари худ ба таҳаққуқи иқтисоди муқоваматӣ ишора ва тасреҳ карданд, дар чунин шароите вазифаи давлат, маҷлис ва масъулони бахшҳои мухталиф ва ҳамчунин ҳар яке аз шаҳрвандон барномарезӣ ва иқдом дар нуқтаи муқобили ҳадафгирии душман аст.