Мухолифат ба мусаллах гардондани Исроил; Оё фаронсавиҳо ба истиқлол дар сиёсати хориҷи хоҳанд расид?
(last modified 2024-10-10T07:06:58+00:00 )
Октябр 10, 2024 12:06 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат ба мусаллах гардондани Исроил; Оё фаронсавиҳо ба истиқлол дар сиёсати хориҷи хоҳанд расид?
    Мухолифат ба мусаллах гардондани Исроил; Оё фаронсавиҳо ба истиқлол дар сиёсати хориҷи хоҳанд расид?

Порс тудеӣ- рузномаи амрикоӣ "Ню Йорк Таймс" дар як таҳлил бо ишора ба изҳороти такрории раисиҷумҳури Фаронса Эмануэл Макрон дар мавриди қатъи интиқоли силоҳ ба режими Исроил, ин изҳоротҳоро бар пояи қасди Фаронса барои ба як қудрати мустақили ҷаҳонӣ табдил додан арзёби кардааст.

Раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ахиран талаб кард, ки фиристодани аслиҳа ба Тел-Авив қатъ шавад ва иддао кард, ки ирсоли силоҳ ба Исроил бо исрори ин кишварҳо дар бораи эъломи оташбас дар Ғазза ва Лубнон мухолиф аст масъалае, ки сардорони режими Исроилро ба хашму ғазаб овард.

Ба гузориши Порс тудеӣ, дар ин замина, "Ню Йорк Таймс" навишт: Ин бори аввал нест, ки Макрон чунин пешниҳодро дар моҳи гузашта ироа мекунад, Макрон низ дар Созмони Милал хостори қатъи интиқоли силоҳ ба Исроил шуд ва гуфт, ки фишор барои барқаории оташбас ҳамзамон бо таҳвили таслиҳот таноқуз дорад.

Дар матлаби "Ню Йорк Таймс" омадааст: Нозирон бар ин боваранд, ки изҳороти Макрон бо услуби шахсии у мувофиқ аст; Услубе, ки дар асоси он вай ният дорад идеали анъанавии Фаронсаро барои ба як давлати мустақили байналмилалӣ табдил додан нигоҳ дорад.

Ба эътиқоди таҳлилгарон, эътибори Макрон аслан ба ҳамин сиёсати хориҷии далерона ва гоҳе халалдоркунанда бастагӣ дорад. Дэвид Халфа, коршиноси Осиёи Ғарбӣ ва узви маркази таҳлилии фаронсавии "Jean Jaure Foundation" низ бар ин назар аст: Ин суханон аломати суол аст возехияти дипломатияи Фаронса нисбат ба Исроил ба вучуд меоварад.

Аз суйи дигар, Карим Эмил Битар, устоди омузиши Ғарбӣ Осиёи дар Донишгоҳи Сент Ҷозефи Фаронса дар Бейрут гуфт: Вақте кушиш мекунед, ки ҳарду ҷонибро дар сиёсати хориҷӣ қаноатманд нигоҳ доред, дар ниҳоят ҳарду ҷонибро аз худ дур мекунед.

Рим Мумтоз, коршиноси сиёсати хориҷии фаронсавӣ ва узви Бунёди Сулҳи Карнегӣ мегӯяд: "Лубнон ҷоест, ки Фаронса ҳамчунон як абарқудрат рафтор мекунад, ҳатто агар дигар абарқудрат набошад.

Ин коршиноси сиёсӣ қайд кард: Макрон гумроҳ нест ва медонад, ки суханони у ба ҳимояти низомии ҳукумати Амрико аз Исроил таъсире нахоҳад дошт. Аммо бо ин кор вай ба тамоми ҷаҳон паёми рушан мекунад, ки Фаронса ва шояд аврупоиҳо аз Амрико мавқеъи дигаре доранд."

Дар ҳамин ҳол, Жан-Ноэл Барро, вазири умури хориҷии Фаронса, ахиран эълом дошт, ки амнияти Исроилро танҳо бо неруи низомӣ кафолат дода наметавонад ва ҳалли дипломатиро тақозо мекунад.