Июл 31, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири нерӯи Эрон ба Кобул

Ризо Ардакониён вазири нерӯи Эрон, ки ба Кобул сафар кардааст, дар дидор бо Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон дар хусуси давраи нави кории Камиссиони муштараки ҳамкории иқтисодии ду кишвар, табодули энержӣ, сармоягузориҳои муштарак дар бораи об, масоили зист муҳитӣ ва эҳдоси хатти оҳан гуфтугӯ кард.

Вазири нерӯи Эрон, ки раиси эронии Камиссиони муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Афғонистон аст, рӯзи сешанбе ҳамчунин аз тавофуқе миёни мақомоти ду кишвар хабар дод, ки бар асоси он то як моҳи оянда нишасти вижае дар Чобаҳор бо ҳузури масъулони иқтисодии ду кишвар баргузор мешавад.

Минтақаи озоди тиҷорӣ-саноатии Чобаҳор яке аз минтақаҳои озоди ҳафтгонаи Эрон аст, ки дар ростои аҳдофи иқтисодии Эрон дар соҳили шаҳри Чобаҳор ва дар ҳошияи баҳри Уммон ва уқёнуси Ҳинд эҷод шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ин бандар нақши муҳимме дар муровидоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ ифо мекунад. Тамоюл ба ҳамкории минтақаӣ барои сармоягузории тиҷорӣ аз тариқи ин бандар, миёни Эрон ва Ҳинд аз соли 2003 оғоз шуд ва дар нимаи дуввуми соли 2014 бо имзои тафоҳумномае байни Эрон, Ҳинд ва Афғонистон бо ҳадафи иттисоли тиҷорӣ ва транзитии Ҳинд ва Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид. Аз дидгоҳи таҳлилгарони иқтисодӣ, бандари бузурги Чобаҳор бо таҷҳизот ва таъсисоти пешрафтае, ки дар он ба хидмат гирифта шудааст метавонад таҳаввули геополотикии амиқе дар минтақа эҷод кунад, ки илова бар Ҳинд ва Афғонистон дигар кишварҳои минтақа низ  аз он нафъ бурда ва дар оянда метавонад заминасози шаклгирии бозори осиёии муштарак шавад.

Сушма Свараҷ вазири умури хориҷаи Ҳинд дар бораи аҳамият ва нақши иқтисодии ин бандар гуфтааст, Чобаҳор муҷиби таҳаввул ва тавсеа дар тиҷорат дар минтақа хоҳад шуд ва кишварҳои минтақаро дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сиёсат, фарҳанг, технологӣ ва хадамот ба ҳам муттасил хоҳад кард.

Дар сафари доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроии давлати ваҳдати милии Афғонистон ба Теҳрон дар январи 2016 тафоҳумномаҳое дар заминаҳои иқтисодӣ, миёни мақомоти ду кишвар ба имзо расид. Дар ин асноди ҳамкорӣ, Эрон ва Афғонистон бар густариши фаолиятҳои бонкдорӣ, энержӣ, истихроҷи кониҳо, кишоварзӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва дигар заминаҳои мавриди алоқа таъкид кардаанд. Тарафайн ҳамчунин хостори иттисоли хатҳои райлии Эрон ва Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барои транзити коло ва мусофир аз масири транзитии бандари Чобаҳор ҳастанд.

Бо таваҷҷуҳ ба маҷмуаи ин муллифаҳо Ризо Ардакониён вазири нерӯ ва раиси эронии Камиссиони муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Афғонистон дар бораи аҳдофи сафараш ба Афғонистон гуфт, дар ин сафар хутути равшани тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар тарсим хоҳад шуд.

Фарзоди Рамазонии Буниш коршиноси масоили Афғонистон мегуяд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки Афғонистон талош дорад то аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон ба бозори ҷаҳонӣ васл шавад акнун 2 кишвар метавонанд бо таваҷҷуҳе густардатар дар мавриди нақши Чобаҳор дар транзит ва воридот ва содирот дар иқтисоди Афғонистон ба тавофуқ бирасанд.

Ин машваратҳо дар ҳоле идома дорад, ки дар чанд рӯзи ахир Теҳрон мизбони Сонг Тао вазири умури байналмиллали Ҳизби камунисти Чин низ будааст, ки бо ҳадафи тавсеаи муносибот бо Эрон ба Теҳрон сафар кард. Дар рӯзҳои оянда Теҳрон ҳамчунин мизбони мақомҳое аз Ҳинд низ хоҳад буд. Ин ҳамкориҳо қатъан сабаби тақвияти ҳамгароиҳои минтақаӣ мешавад.

Ин рафту омадҳо, ки ҳокӣ аз тамоюлоти ду ва чандҷониба барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои минтақа бо Эрон аст, дар шароитест, ки Амрико бо таҳримҳои якҷонибаи худ талош мекунад Эронро дар инзивои сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор диҳад.