Инҳидоми як шабакаи тахаллуфоти арзӣ дар Эрон
Вазири иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон аз шиносоӣ ва зарба ба як шабакаи тахаллуфоти арзӣ хабар дод.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Сайид Муҳаммади Алавӣ сешанбешаб эълом кард: Маъмурони Идораи кулли иттилооти устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон якшанбе тахаллуфоти арзиро шиносоӣ карданд ва ба дом андохтанд, ки мутахаллифон тавониста буданд бо пардохти миллионҳо туман ришва ва иҷораи ширкатҳои намодӣ, супориши воридоти колоҳои асосиро сабт ва беш аз 250 миллион доллар арзи давлатӣ ва бонкҳои мухталиф дарёфт кунанд.
Вазири иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Ин шабака бахши ночизе аз арзи дарёфтиро ба воридот ихтисос дода ва масрафи боқимондаи он дар маҷрои ғайриқонунӣ чандсад миллиард туман моли намашрӯъ ба даст овардааст.