Август 01, 2019 12:25 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Эрон ва Ироқ дар бораи густариши равобити дифоӣ

Вазири дифои Ироқ ва вобастаи низомии Эрон дар Бағдод дар бораи густариши равобити дифоӣ ва низомии ду кишвар дидор карданд.

Ба нақл аз ИРНО, Наҷҷоҳ Ҳасан Алмушрӣ вазири дифои Ироқ ва сардор Мустафо Муродиён вобастаи низомии Эрон дар Бағдод ҳамчунин дар бораи омодагиҳои амниятии лозим барои баргузории ҳар чи беҳтари маросими миллионии арбаини ҳусайнӣ гуфтугӯ карданд. Эрон, Русия, Ироқ, Сурия аз се сол пеш то кунун Кумитаи чаҳорҷонибаи табодули иттилоот бо ҳадафи ҳамоҳангии амниятӣ ва табодули иттилоотӣ барои мубориза бо гуруҳаки террористии такфирии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ташкил доданд, ки мақарри он дар Бағдод аст. Аъзои ин кумита дар солҳои ахир аз тариқи ҳамкории амниятӣ ва табодули иттилоотии муваффақ ба радёбии таҳаррукоти террористҳо дар марзҳои муштаараки Ироқ ва Сурия инҳидоми мавозеъ ва ба ҳалокат расондани садҳо террорист ва ҳамчунин пешгирӣ аз нуфузи дубораи ДИИШ ба Ироқ ва Сурия шудаанд.

Барчасп