Август 01, 2019 18:19 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Сипоҳи посдорон ва Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳимоят аз Зариф

Сипоҳи посдорони Инқилоб Исломӣ ва Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз вазирии умури хориҷаи Эрон дар баробари таҳримҳои Амрико ҳимоят карданд.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе бо музҳик хондани иқдоми ғайри қонунии Амрико дар қарор додани номи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар феҳрасти таҳрими Вашингтон, иқдоми ғайри қонунии Амрикоро дар имтидоди роҳбурди ба истилоҳ фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон донист ва эълом кард: “Амрикоиҳо бори дигар асабонияти худ аз гуфтумони илҳомбахш ва зиддиистикбории Инқилоби Исломӣ нишон доданд”.

Дар баёнияи Сипоҳи посдорон омадааст: “Ҷумҳурии Исломии Эрон поёни асри абарқудратӣ ва моҷароҷӯии амрикоиҳоро дар минтақа рақам зада ва нокомиҳои таҳқиркунандаеро ба онон ва думболаравҳои минтақаӣ ва фаромитақавиашон таҳмил кардааст”.

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳам бо маҳкум кардан иқдоми Амрико, эълом кард: “Амрико ба заъми худ барои эъмоли фишори бештар бар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷуброни шикастҳои пай дар пайи худ дар ҷаҳон ва минтақа, вазири умури хориҷаи Эронро дар феҳристи таҳримҳои худ қарор додааст”.

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо баёни инки иқдомоти моҷароҷӯёнаи Амрико натиҷае ҷуз шикаст дар пай нахоҳад дошт, тасреҳ кард, мухолифатҳои кишварҳои аврупоӣ ва минтақа бо эҷоди эътилофи дарёӣ дар тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс, сарони Кохи Сафедро асабонӣ кардааст.

Вазорати хазонадории Амрико, бомдоди панҷшанбе номи вазири умури хориҷаи Эронро дар феҳрасти афроди таҳримшудаи худ қарор дод.

Ин иқдоми Вазорати хазонадории Амрико пас аз он иттихоз шуд, ки Зариф дар сафари ахир худ ба Амрико, бо теъдоди зиёде аз расонаҳои амрикоӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дод.

 

Барчасп