Иҷроӣ шудани гоми севвуми коҳиши таъаҳудот дар чорчуби БАРҶОМ
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт; гоми севвуми коҳиши таъаҳудоти БАРҶОМии Эрон дар шароити феълӣ иҷро хоҳад шуд.
Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин,ки ҳаққи Ҷумҳурии исломии Эрон аст,ки дар бораи иҷро ё иҷро накардани таъаҳудоти БАРҶОМ тасмим бигирад,афзуд; ҳамаи кишварҳои узви камисиюни муштараки БАРҶОМ ба ин иҷмоъ расидаан,ки Амрико боиси ҳамаи ташануҷҳо шудааст. Зариф тасриҳ кард; хостаҳои Эрон пас аз имзои тавофуқи ҳастаӣ аз ибтидо мушахас ва равшан буда ва интизоре фаротар аз БАРҶОМ надоштааст ва агр ин тавофуқи байналмиллалӣ тавассути дигарон ба шакли комил иҷро нашавад, Эрон ҳам ба ҳамон шакли ноқис онро иҷро хоҳад кард. Раиси дастгоҳи дипламатии Эрон бо ишора ба хости бархе кишварҳои узви 4 +1 барои лағви иҷроии гоми севвуми коҳиши таъаҳудоти БАРҶОМии Эрон афзуд; ин дар ихтиёроти Ҷумҳурии исломӣ аст,ки дар ин бора тасмим бигирад ва агр таъаҳудоти тарафҳои хориҷии БАРҶОМ иҷро нашавад, ҳатман ин гом дар имтидоди иқдомҳои қаблӣ бардошта хоҳад шуд. Ҷумҳурии исломии Эрон, як соли пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаъоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, бахше аз таъаҳудоти БАРҶОМии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 и ин тавофуқ муалақ кард.