Август 06, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори Руҳонӣ бо Зариф дар Вазорати умури хориҷаи Эрон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузур дар Вазорати умури хориҷаи Эрон бо раиси дастгоҳи депломасии Эрон дидор кард.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паи таҳрими Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон аз сӯи давлати Амрико имрӯз сешанбе бо раиси дастгоҳи депломасии Эрон дидор кард.

Дар ин дидор Зариф ва муовинонаш гузорише аз амалкарди худ ироа карданд ва қарор аст Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон низ суханронӣ кунад.

Пештар сардор сарлашкар Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Алии Лориҷонӣ раиси маҷлиси Шурои исломии Эрон бо ҳузур дар Вазорати умури хориҷаи Эрон бо Муҳаммадҷаводи Зариф дидор ва гуфтугӯ карданд.

Вазорати хазонадории Амрико дар идомаи эътиёди давлати ин кишвар ба таҳрим бомдоди панҷшанбе (аввали август) номи  вазири умури хориҷаи Эронро дар рӯйхатти ашхоси таҳримшудаи худ қарор дод.

Барчасп