Чаҳор медали донишҷӯёни эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии риёзӣ
Август 06, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
Тими донишҷӯёни Донишгоҳи саноатии Шарифи Эрон дар бисту шашумин давраи мусобиқоти байналмилалии донишҷӯии риёзӣ ду медали тило ва ду нуқра касб кард.
Ба гузориши ИРНА, бисту шашумин давраи мусобиқоти байналмилалии донишҷӯии риёзӣ бо ширкати беш аз 70 тим аз донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон аз 28-уми июл то 3-юми август дар Булғория баргузор шуд.
Тими риёзии Донишгоҳи саноатии Шарифи Эрон бо касби 4 медал рутбаи сездаҳуми ин давра аз мусобиқоти байналмилалии донишҷӯии риёзиро ба худ ихтисос дод.