Омодагии Эрон барои иттисоли Тоҷикистон ба обҳои озод
Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон: бандарҳои Эрон барои иттисоли Тоҷикистон ба обҳои озод омодагӣ доранд.
Муҳаммади Исломӣ вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, бо тавсеаи бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон ва афзоиши зарфияти тахлия ва боргирии он ба 8/5 миллион тон Эрон омода аст заминаро барои иттисоли Тоҷикистон ба ин бандар фароҳам кунад.
Исломӣ ҳамчунин гуфт, сиёсати Эрон барои иттисоли райлӣ бо кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин тағйире накарда ва то кунун се чаҳоруми ин масири райлӣ такмил шудааст ва такмили ин тарҳ ниёзманди иродаи ҷиддӣ дар ҳамаи ин кишварҳост.
Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон афзуд, бо пайгириҳои суратгирифта хатти ҳавоии Машҳад-Душанбе барқарор шуда ва ҳамакнун фаол аст ва метавонем хатти парвозии Теҳрон-Душанбе-ро низ аз тариқи созмони ҳавопаймоии кишварӣ барқарор кунем.
Низомуддин Шамсуддинзода Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ аз алоқамандии кишвараш барои истифода аз зарфият ва имконоти бандари Чобаҳор ва иттисол ба обҳои уқёнусӣ хабар дод ва кумаки Эронро дар ин хусус хостор шуд.