Август 07, 2019 12:00 Asia/Dushanbe
  • Гомҳои ҷадиди ҳамкории варзишӣ байни Эрон ва Тоҷикистон +Акс

Вазири варзиш ва ҷавонони Эрон барномаҳои нави ин кишварро барои ҳамкории варзишӣ бо Тоҷикистон эълом кард.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Вазорати варзиш ва ҷавонони Эрон, Масъуди Султонифар дар дидор бо Низомиддин Шамсиддинзода Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон барои барпоии намоишгоҳҳои тахассусӣ дар Тоҷикистон дар заминаи хадамот ва таҷҳизоти варзишӣ эъломи омодагӣ кард.

Вазири варзиш ва ҷовонони Эрон бо ишора ба тафоҳуми ҳамкории варзишии байни Эрон ва Тоҷикистон, ки солҳо пеш ба имзо расидааст афзуд:

Пешниҳоди тадвини ёддошти тафоҳуми ҷадиде байни Теҳрон ва Душанбе ироа шудааст, ки ба зудӣ байни мақомоти ду кишвар ба имзо хоҳад расид.

Вай таъкид кард: Эрон омодагӣ дорад, ки бо эъзоми мураббӣ ва мударрис, шароити муносиберо барои пешрафти варзиши Тоҷикистон фароҳам кунад.

Султонифар ба тавонмандии Эрон дар заминаи тавлидоти лавозим ва таҷҳизоти варзишӣ ишора кард ва таъкид кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба роҳбурдҳои Раҳбари муаззами инқилоб ва раисҷумҳур мулзам ҳастем, ки ин имконот ва зарифиятҳоро бо авлавияти кишварҳои ҳамсоя, бавижа форсизабон содир кунем.

Низомиддин Шамсиддинзода Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин дидор бо ишора ба пешрафтҳо ва мавқеиятҳои варзиши Эорн дар арсаи байналмилалӣ гуфт: Мардуми Тоҷикистон аз муваффақиятҳои варзишкорони Эрон воқеан хушнуд мешаванд.

 

Барчасп