Август 07, 2019 12:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд: Таҳрими нафти Эрон ба манофеи мо латма задааст

Сафири Ҳинд дар Амрико аз иқдоми давлати Вашингтон дар таҳрими нафти Эрон интиқод карда ва гуфтааст, ки ин тасмим ба манофеи Деҳлиии Нав зарба ворид кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Ҳориш Варзан Шрингла сафири Ҳинд дар Амрико гуфт, тасмими Амрико дар ҷилавгирӣ аз судури муофиятҳои таҳримӣ барои харидорони нафти Эрон ба манофеи Ҳинд зарба зада ва Деҳлии Нав умедвор аст, ки Вашингтон дар ин хусус инъитофпазирӣ нишон диҳад.

Шрингла дар хусуси тасмими Амрико гуфт: Ин мавзӯъ авлавияти муҳиме барои Амрико буд ва бо он канор омадем, аммо мо ҳам интизор дорем вақте, ки авлавиятҳои мо матраҳ аст, ИМА ҳам инъитофпазирии мушобеҳ нишон диҳад.

Дипломати Ҳинд гуфт: Ёфтани манобеи ҷойгузини нафт бо ҳамон қимат ва кайфият барои мо ба чолиш табдил шуда ва рӯи суд ва зиёнҳои Ҳинд асар гузоштааст.

 

Барчасп