Август 08, 2019 11:06 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз таомул бо кишварҳои ҳамсоя

Сухангӯи Вазорати умури хорҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳаргуна тағйири руйкард тавассути кишварҳое, ки то кунун сӯитафоҳум доштаанд истиқбол мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Аббоси Мусавӣ дар бораи тағйири рафтори бархе аз кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс нисбат ба Эрон афзуд, агар рӯзе кишварҳои минтақа ба ин натиҷа бирасанд, ки барои амнияти минтақа амнияти худ ва сулҳу амнияти ҷаҳонӣ метавонанд бо Эрон таомул дошта бошанд оғӯши Эрон боз аст ва бедаранг истиқбол мекунад.

Баргузории нишастҳои муштараки гордҳои соҳилии Эрон бо бархе аз ҳамсоягони ҷанубии худ аз ҷумла Аморот, ки дар Теҳрон ва дар ростои тавсеа ва таҳкими муносиботи дуҷониба анҷом гирифт нишондиҳандаи азму иродаи сиёсӣ барои эҷоди фазои мусбати ҳамкорӣ аст.

Мақомоти Эрон борҳо омодагиашонро барои оғози гуфтугӯҳои минтақаӣ дар ростои таъмини  амнияти минтақа эълом ва таъкид кардаанд, танҳо роҳи ҳалли масоил  гуфтугӯ, мушорикати тамомии кишварҳои минтақа дар таъмини амният ва хуруҷи кишварҳои фароминтақаӣ аз ғарби Осиё аст.