Шамхонӣ; намоди шикастнопазири режими Саҳюнистӣ шикаста шудааст
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон,гуфт; Мақомоти исломии Лубнон дар ҷанги 33 рӯза намоди шикастнопазири артиши режими Саҳюнистиро дар ҳам шикаст.
Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон имрӯз панҷшанбе дар паёме бо табрики солгарди пирӯзии мақомоти исломӣ дар ҷанги 33 рӯза,хитоб ба Сайидҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбулоҳи Лубнон,тасриҳ кард; Мақомоти исломии Лубнон имрӯз низ дар канори ҷаҳаи муқовимат тавонистааст бо фидокорӣ ва тақдими шаҳидон, ҷаҳонро аз хатари терроризми такфирӣ наҷот диҳад.
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон,афзуд; режими Саҳюнистӣ бояд бидонад ҷабҳаи муқовимат ҳамвора бо чашмони тезбин, шароратҳо ва оташафрӯзиҳои ононро пайгирӣ карда ва шикастро дар ҷабҳаҳои мухталиф ба онон таҳмил хоҳад кард.
Шамхонӣ, ба садоқат, шуҷоат ва басирати Сайидҳасани Насруллоҳ ва нақши вай дар эҷоди ваҳдати миллӣ дар дохили Лубнон ва амният ва оромиш дар марзҳои ин кишвар ишора ва таъкид кард; ҳамонгуна,ки Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ фармуданд режими саҳюнистӣ 25 соли ояндаро нахоҳад дид ва ба зудӣ шоҳиди озодии Фаластин хоҳем буд.
Ҷанги 33 рӯза миёни артиши режими Саҳюнистӣ ва нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар январи 2006 оғоз шуд ва дар 14 августи ҳамон сол бо пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба поён расид. Режими Саҳюнистӣ бо таҳамули хасорат ва талафоти сангин аз ин ҷанг ақибнишинӣ кард.