Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон дар баробари зиёдахоҳиҳои Амрико истодааст
(last modified Fri, 09 Aug 2019 11:56:16 GMT )
Август 09, 2019 16:56 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон дар баробари зиёдахоҳиҳои Амрико истодааст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки Эрон дар баробари зиёдахоҳиҳои Амрико истодааст, таъкид кард, Амрико натавонист инқилоби исломиро соқит кунад ва султаи ин кишвар дар ҷаҳон фурӯ рехтааст.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон Амрикоро мисдоқи боризи истикбори ҷаҳонӣ донист ва изҳор дошт, хуруҷи Амрико аз паймонҳои байналмилалӣ шохиси бадаҳдии ин кишвар аст.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ ҳамчунин бо ишора ба иқдоми Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар нобуд кардани ҳавопаймои бидуни сарнишини мутаҷовизи Амрико дар 20 –уми июн афзуд, қудрати имрӯзи Эрон дар минтақа афзоиш ёфтааст ва Амрико тавони ҳамлаи низомӣ ба Эронро надорад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба буҳрони Яман ва мавзӯи хуруҷи низомиёни иморотӣ аз он кишвар ишора кард ва гуфт, саудиҳо ва иморотиҳо бо муқовимати мардуми Яман дар ин кишвар гирифтор шудаанд ва ба дунболи хуруҷ аз ин ботлоқ ҳастанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин дар бораи буҳрони минтақаи Кашмир таъкид кард, тарафайни буҳрони Кашмир бояд хештандорӣ кунанд.