Дидори устондори Хуросони разавӣ аз радиои тоҷикии Садои Хуросон
Устондори Хуросони разавӣ субҳи имрӯз аз радиои тоҷикии Садои Хуросон дидан ва бо коркунони ин радио гуфтугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор Алиризо Размҳусайнӣ бо бахшҳои мухталифи радиои тоҷикӣ ва наҳваи кори коркунони ин радиои бурунмарзӣ ошно шуд.
Устондори Хуросони разавӣ бо тақдими шохаҳои гул ба коркунони ин радио аёми гиромидошти мақоми хабарнигорро ба онон табрик гуфт ва барои тақвияти радиои тоҷикии Садои Хуросон қавли ҳамкорӣ дод.
Дар ин дидор мудири тоҷикии Садои Хуросон дар бораи фаолияти сайтҳои форсӣ ва сирилик ва пахши ин радио гуфт, ин радио тавонистааст мухотабони зиёдеро ҷалб кунад ва дар бахши фазои маҷозӣ низ беш аз панҷ ҳазор дунболкунанда дорад.
Мухтори Фарзодӣ афзуд: радиои тоҷикии Садои Хуросон соли гузашта дар назарсанҷии анҷомшуда дар Тоҷикистон дар байни радиоҳои хориҷии ин кишвар рутбаи нахуст ва дар маҷмуи радиоҳои Тоҷикистон рутбаи дуввумро касб кард.