Вуҷуди ҳафт ҳазор катиба ба забони форсӣ дар Ҳинд
Узви ҳайати илмии Пажуҳишгоҳи мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон аз вуҷуди ҳафт ҳазор катиба ба забони форсӣ дар Ҳинд хабар дод.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муртазо Ризвонфар узви ҳайати илмии Пажуҳишгоҳи мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, ин катибаҳо дар панҷ соли гузашта дар раванди иҷрои тарҳи мероси муштараки Эрон шиносоӣ шудааст.
Узви ҳайати илмии Пажуҳишгоҳи мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон афзуд, ин тарҳ дар кишварҳои Чин,Танзания, Кения, Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳинд, Арманистон ва Қафғози Русия иҷро шудааст.
Ризвонфар афзуд, Ин тарҳ аз ҷое шакл гирифт, ки Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки дар баъзе аз кишварҳо монанди Узбакистон, Туркманистон ва Арманистон катибаҳои форсизабонро ба баҳонаҳои гуногун аз ҷои аслӣ бармедоранд ва катибаҳое бо забонҳои дигарро ҷойгузини онҳо мекунанд.
Ӯ ба аҳамияти забони форсӣ дар ҷаҳон ишора кард ва гуфт, усмониҳо забони форсиро ба Аврупои шарқӣ бурдаанд ба наҳве, ки дар ин минтақа катибаҳои фаровоне ба забони форсӣ вуҷуд дорад, зеро забони форсӣ забони миёнҷии он рӯзгорон буда ва санади ин иддао номаи импиратури Чин барои Попи аъзами Аврупост, ки дар музейи Ватикан вуҷуд дорад.
Ин устоди донишгоҳ афзуд, дар ин нома импиратури Чин номаи аввалияе ба забонҳои муғулӣ ва чинӣ навишта, аммо эҳтимол додааст, ки дар дарбори Ватикан касе натавонад хатти чинӣ ва муғулиро бихонад, бинобарин номаро ба форсӣ низ навишта ва дар он овардааст, ки номаро ба форсӣ навиштаам, зеро забоне ҷаҳонӣ аст.