Таъкиди вазири нерӯи Эрон бар рафъи монеаҳои ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Душанбе
Вазири нерӯи Эрон бо таъкид бар лузуми тавсеаи ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Душанбе гуфт, бояд бо рафъи монеаҳои мавҷуд заминаи иҷрои тарҳҳои бузургро фароҳам кард.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Ризо Ардакониён вазири нерӯи Эрон дар дидори Низомуддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо ишора ба роҳандозии маркази минтақаии мудирияти шаҳрӣ дар Теҳрон афзуд, иҷлоси Шурои ҳуккоми маркази минтақаии мудирияти оби шаҳрӣ чаҳорум ва панҷум декабр дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.
Ардакониён тасреҳ кард, бо таваҷҷуҳ ба ҳузури вазирони оби Афғонистон ва Узбакситон дар ин нишаст фурсати муносибе фароҳам аст, то бо баргузории Камиссиони муштараки ҳакории иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Тоҷикистон дар ин бозаи замонӣ нишасти муштараке миёни вазирони чаҳор кишвари Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбакситон дар замони баргузории ин руйдоди байналмиллалӣ бар по шавад.
Вазири нерӯи Эрон ҳамчунин бо ишора ба илҳоқи Эрон бо Иттиҳодияи АвруОсиё афзуд, бар асоси барномарезии суратгирифта дар моҳҳои сентябр ва октябр иҷлоси сарони ин иттиҳодия бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон дар Қазоқистон баргузор ва дар сурати тавофуқи раисони ҷумҳурии ин кишвар тарҳи эҷоди кридори шимол-ҷануб ва Чобаҳор ба таври ҷиддӣ дунбол хоҳад шуд.
Низомуддин Шамсуддинзода Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон низ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки дар моҳҳои ахир таҳаввулоти мусбате дар равобити ду кишвар рух додааст, бар рафъи монеаҳои мавҷуд дар тавсеаи ҳамкории Теҳрон-Душанбе таъкид кард.