Таъкид бар рафъи мавонеи тавсеаи ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Aug 2019 14:08:41 GMT )
Август 13, 2019 19:08 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар рафъи мавонеи тавсеаи ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон

Мавонеи тавсеаи ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон бояд рафъ шавад.

Ба гузориши ИРНА, вазири нерӯи Эрон дар дидор бо сафири Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳо бо ин кишварро ҳоизи аҳамият дониста гуфт, мавонеъ ва мушкилоти сари роҳи тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар бояд бардошта шуда ва имкони иҷрои тарҳҳои бузург фароҳам шавад. Ризо Ардакониён дар дидор бо Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди равобити муносиб дар миёни сарони ду кишвар бояд пайгири рафъи мавонеи тавсеаи ҳамкориҳо буд. 

Ардакониён бо ишора ба илҳоқи Эрон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё гуфт, бар асоси барномарезии суратгирифта, меҳрмоҳи имсол иҷлоси сарони ин иттиҳод бо ҳузури раисҷмҳури Эрон дар Қазоқистон баргузор хоҳад шуд, ки дар сурати тавофуқи руасои ҷумҳурии ин кишварҳо тарҳи эҷоди коридори Шимол – Ҷануб ва Чобаҳор ба таври ҷиддӣ дунбол хоҳад шуд.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор бо таъкид бар ин ки дар моҳҳои ахир таҳаввулоти мусбате дар равобити миёни Эрону Тоҷикистон рух додааст, гуфт, сафари вазири умури хориҷӣ ба Тоҷикистон, дидори раисҷумҳурҳои ду кишвар дар Душанбе ва тавофуқ барои тавсеаи равобит ҳокӣ аз азми ҷиддии сарони ду тараф барои афзоиши ҳамкориҳои ду тараф аст.