Август 14, 2019 09:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбарӣ бар зарурати истодагӣ дар муқобили тавтеаи таҷзияи Яман

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоб дар дидори ҳайате аз ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо таъкид бар ин ки саудиҳо ва аморотиҳо ба дунболи таҷзияи Яман ҳастанд хотирнишон карданд, бояд бо қудрат дар муқобили ин тавтеа истод ва аз Ямани якпорча, муттаҳид ва бо тамомияти арзӣ ҳимоят кард.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин дидор, ки асри сешанбе анҷом шуд бо тамҷид аз эмон, истодагӣ, ҳушмандӣ ва руҳияи ҷаҳодии мардуми Яман дар баробари таҷовузи ваҳшиёнаи саҳудиҳо ва аморотиҳо ва ҳомиёни онҳо таъкид карданд, ҳифзи якпорчагии Яман бо таваҷҷуҳ ба ақидаҳои динӣ ва қавмиятҳои мухталифи ин кишвар ниёзманди гуфтугӯҳои яманӣ-яманӣ аст.

Эътилофи саудӣ аз марти 2015 кишвари Яманро ҳадафи сангини ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ қарор дода ва то кунун ҳазорон нафарро кушта ё захмӣ кардааст. Тибқи оморҳои ироашуда тавассути Созмони Миллал, Арабистони саудӣ дар соли гузашта 729 кудаки яманӣ ва режими саҳюнистӣ 57 кудаки фаластиниро ба қатл расондааст.

Насир Ал-Имронӣ нависанда ва таҳлилгари сиёсии амрикоӣ дар гуфтугӯ бо ПрессТВ мегуяд, бисёре аз рӯйхатҳои мунташиршуда тавассути Созмони Миллал нишон медиҳад Риёз ва Тел-Авив дар садри қотилони кудакон дар ҷаҳон ҳастанд дар ҳолеки бисёре аз қатъномаҳои Созмони Миллал тавассути Амрико ботил мешаванд.

Саудиҳо дар чанд рӯзи ахир низ дар идомаи ҷиноятҳояшон минтақаҳои маскунии Саъдаро ба шиддат ҳадафи ҳамалоти ракетӣ ва мушакии худ қарор додаанд. Ин ҷиноятҳо дар канори сукути Созмони Миллал, Шурои амният ва ҳамаи ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ сурат мегирад.

Кан Стон таҳлилгари канадаӣ мегуяд, афсарони амрикоӣ ва англисӣ дар утоқи фармондеҳии эътилофи саудӣ мефурушанд ва хадамоти лозимро пешниҳод медиҳанд. Онҳо бомбҳо ва иттилооти низомии мавриди ниёзи маъмуриятҳои эътилофи саудиро таъмин мекунанд. Онҳо халабонҳои ҷангандаҳои соқишударо наҷот медииҳанд. Каштиҳои амрикоӣ ба Арабистони саудӣ кумак мекунанд, то муҳосираи ғайриқонунии ғизоӣ ва кумакҳои инсонӣ алайҳи Яманро иҷро кунад. Бар асоси эъломи ЮНИСЕФ вазъияти инсонӣ дар Яман ба шиддат фоҷеаомез аст ва ба таври мутавассит дар ҳар 10 дақиқа як кудаки яманӣ ҷони худро аз даст медиҳад.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҷанг дар Яманро ҷинояте зиддибашарӣ медонад ва бо таваҷҷуҳ ба воқеаҳои талхи ин кишвар ва масъулиятҳои ҷаҳонӣ нисбат ба сарнавишти миллатҳои мазлум хоҳони таваққуфи ҳамалот ба Яман аст.

Раҳбари муъаззами инқилоб бо ишора ба мавозеи зидди амрикоӣ ва зидди ғарбии низоми Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд, ин мавозеъ бар асоси таъассуб нест, балки  бар асоси воқеиятҳо ва амалкарди давлатмардони Амрико ва Ғарб аст, ки бо зоҳире инсонӣ ва маданӣ ва ахлоқӣ бадтарин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд. Мутаъсифона дар дунёи пур илтиҳоби сиёсии ҷаҳон ҷанги таҷовузкорона алайҳи Яман мавриди ҳимояти Амрико аст ва созмонҳо ва кишварҳои муддаии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар баробари ин ҷиноятҳо сукут ихтиёр кардаанд. Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ  бетафовутии дунёи ғарб дар баробари ҷиноятҳое, ки дар Яман ва Фаластин рух медиҳадро як намуна аз воқеиятҳои дунёи имрӯз баршуморданд.

Акнун ҷанг дар Яман ба як ҷанги фарсоишӣ ва бидуни умеди пирӯзӣ барои Аморот ва Арабистон ва низ ба як парвандаи ҳуқуқи башарӣ ва байналмиллалӣ табдил шудааст. Бо ин ҳол тавтеаҳо ҳамчунон ҷорӣ аст. Ҳадафи Аморот ва Арабистон таҷзияи Яман ва эҷоди як кишвари ҷанубӣ аст, ки дар воқеъ як кишвари таҳти нуфузи Аморот хоҳад буд. Аз ин тариқ Абузабӣ метавонад масирҳои тиҷориро аз тариқи бандари Адан ба дигар нуқоти ҷаҳон таъмин ва аз манобеи табиии Яман баҳрабардорӣ кунад.

Бархе нозирони сиёсӣ муътақиданд Аморот бо эъломи ақибнишинӣ аз Яман ба дунболи хуруҷи комил аз ин кишвар нест, балки бо роҳбурди наве ба дунболи таҷзияи ин кишвар ва ташкили Ямани ҷанубӣ аст.

Мардуми Яман бо тамаддуни амиқ ва таърихии худ ва бо руҳияи муҷоҳида ва истодагие, ки дар ин панҷ сол аз худ нишон додаанд, ояндаи хуберо дар пеш доранд ва давлате қавиро ташкил хоҳанд дод ва дар чорчуби он давлат, ба пешрафт хоҳанд расид.