Август 17, 2019 14:49 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз; аввалин парвози баргашти зоирони эронӣ ба фурудгоҳи имом Хумайнии Теҳрон

Мудири кули равобити умумии ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт; рӯзи ҷумъа бо анҷоми 12 парвоз теъдоде аз ҳоҷиёни устонҳои Язд, Мозандарон ва Занҷон ба Эрон бозгаштанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Маъсума Асғарзода бо ишора ба ин,ки дар амалиёти парвозҳои баргашти Ҳаҷ, ҳоҷиён аз ду фурудгоҳи Ҷадда ва Мадина ба 19 устони Эрон парвоз доранд,гуфт; теъдоди ҳоҷиёни имсол беш аз 88 ҳазор нафар аст ва парвозҳои баргашти онҳо то рӯзи 8 сентиябр идома дорад.

Вай изҳор дошт; ҳамчунин рӯзи шанбе 17 август, ЭРОН ЭЙР як парвоз аз Ҷадда ба Аҳвоз ва рӯзи якшанбе 18 Август, ҲУМО як парвози дигар аз Ҷадда ба Аҳвоз дорад.

Аввалин парвози баргашти ҳоҷиён дар фурудгоҳи имом Хумайнӣ пойтахт имрӯз 17 август анҷом мешавад.

Имсол 9 фарванд ҳавопаймо парвозҳои ҳаҷро анҷом доданд ва мизони зоирони эронӣ нисбат ба соли гузашта 98 дар сад рушд доштааст.