Август 17, 2019 18:34 Asia/Dushanbe
  • Истодагии Эрон дар муқобили зиёдахоҳии истикбори ҷаҳонӣ

Ҷонишини фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо афзоиши тавони боздорандагӣ, дар муқобили зиёдахоҳии истикбори ҷаҳонӣ истодааст.

Ба гузориши ИРНА, амири дарёдор Тураҷ Ҳасанимуқаддам, ҷонишини фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими илҳоқи ягонҳои размӣ ва иттилоотии ҷадид ба Нерӯи дарёии артиш дар бандари Ҷосак, ҷануб Эрон афзуд, ҳузури Амрико дар ғарби Осиё муҷиби бесуботии минтақа шудааст.

Ҷонишини фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, бо изофа шудани созмони разми ҷадид ба Нерӯи дарёии артиши Эрон дар Ҷосак, қудрати иттилоотӣ ва амалиётии ин минтақа барои барҳам задани муодилоти душман тавсеа ёфтааст.

Амрико дар моҳҳои ахир бо ҳадафи ташдиди фишор бар Эрон, ҳузури низомии худро дар минтақаи халиҷи Форс афзоиш додааст ва бо ҳамроҳии муттаҳидонаш, аз ҷумла Англия иқдомоти таҳрикомез анҷом медиҳад. Амрикоиҳо дар ҳамин росто эълом кардаанд, ба дунболи ташкили як эътилофи низомӣ дар халиҷи Форс ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, ягонҳои размӣ ва иттилоотии ҷадид шомили як фарванд нови иттилоотӣ, зердарёии “Ғадир”, як фарванд ядаккаш ва як фарванд болгарди АБ 212 ба Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон мулҳақ шудаанд.